даъво

даъво
[دعوا]
а
1. ҳуқ. арз ба мақомоти судӣ барои муҳофизати ҳуқуқи поймолшуда ё манфиат; чизе ё ҳаққе, ки ба воситаи додгоҳ (мақомоти судӣ) аз касе талаб мешавад, додхоҳӣ, талаби ҳақ
2. иддао, талаб, тақозо: даъвои ҳаққонӣ
3. фикру ақидае, ки оид ба ягон масъалаи илмӣ ё адабӣ баён шудааст ва мӯҳтоҷи далелу исбот аст; даъво доштан а) даъвогар будан; талабгори чизе будан, хостгор будан ба чизе; б) иддаои донистани чизе ё тавонистани кореро доштан; даъво кардан а) чизеро талаб кардан, даъвогар шудан ба чизе; б) иддаои донистани чизе ё тавонистани коре: даъвои валигӣ кардан, даъвои шоирӣ кардан; аз даъво гузаштан // аз кулли даъво гузаштан аз талабу иддаои ба касе доштаи худ пурра даст кашидан; даъвои дӯстӣ кардан изҳори дӯстӣ кардан дар ҳолате, ки дӯст нест; аз даъвои чизе (дар) гузаштан аз баҳри чизе баромадан
◊ даъвои нони қоқ иддаои асос надошта, даъвои беасос

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать курсовую

Смотреть что такое "даъво" в других словарях:

  • даъвоӣ — [دعوائي] 1. додхоҳӣ, барои мудофиаи ҳуқуқ ба маҳкамаву додгоҳ муроҷиат намудан; ҷанҷол, низоъ 2. иддао, талаби нодуруст, талаби ноҳақ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • даргузаштан — [درگذشتن] 1. ниг. гузаштан; аз даъво даргузаштан аз даъво даст кашидан, аз баҳри даъво баромадан 2. маҷ. аз олам гузаштан, вафот кардан, мурдан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • иддао — [اد عا] а. [аслаш иддио] 1. даъво, талаб, даъвогарӣ 2. даъвои бартарӣ аз ягон ҷиҳат, манманӣ, ҳавобаландӣ, фахри муддаиёна; иддао кардан даъво кардан, муддаӣ будан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • мурофиа — (мурофаа) [مرافعه] а. муҳокимаи даъво ва додхоҳӣ дар маҳкамаи судӣ: мурофиаи судӣ; мурофиа барпо кардан кори судиро муҳокима кардан; дар муҳокимаи даъво ва додхоҳӣ саволу ҷавоб кардан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • санад — [سند] а. ҳуҷҷат, далели навишта барои исботи даъво ё муддаое; ҳуҷҷат, далел; санади қарз дастхате ки қарзгиранда ба қарздиҳанда медиҳад; санад овардан барои исботи даъво ё муддаое ҳуҷҷат овардан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • баландгӯӣ — [بلندگويي] маҷ. даъвоҳои беҷо ва лофу газоф задан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гиребон — [گريبان] он қисми либос, ки аз сари сина сар шуда, атрофи гарданро фаро мегирад, яқа, яха; гиребон даридан (пора кардан, чок намудан) ба дод омадан, изҳори бетоқатӣ кардан (дар марги касе ё аз афсӯсу пушаймонӣ); гиребони худро гирифтан (доштан)… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гузаштан — [گذشتن] 1. гузар кардан, убур кардан аз ҷое, раҳгузар шудан аз ҷое ё аз пеши касе; аз ҷое ба ҷое рафтан 2. дохил шудан, даромадан; нуфуз кардан (аз байн ё даруни чизе ба ҷое) 3. ҷорӣ шудан, равон гаштан (мас., об аз банд) 4. мурур кардан, сипарӣ… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • даовӣ — [دعاوي] а. ҷ. даъво …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • даъвӣ — [دعوي] а. ниг. даъво …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»